Бошгоҳи “Реал Мадрид” музокиротро оид ба ҷалби ҳимоятгари канории “Интер” ва мунтахаби Нидерланд Дензел Думфрис бо муваффақият ба анҷом расонд. Дар ин бора хабарнигори маъруф Фабритсио Романо иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳамаи ҷузъиёти созишнома байни тарафҳо мувофиқа шудааст ва гузариши футболбози 30-сола ба ҳайати дастаи шаҳри Мадрид аллакай анҷомёфта ҳисобида мешавад. Гуфта мешавад, ки “Реал” банди озодкунии дар шартномаи Думфрис пешбинишударо фаъол мекунад, ки маблағи он 20 миллион евро мебошад.
Ҳамчунин худи футболбози нидерландӣ низ барои пайвастан ба бошгоҳи “Реал Мадрид” розигии худро додааст. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик гузариши ӯ расман эълон шавад.
Дензел Думфрис дар мавсими гузашта дар ҳайати “Интер” 28 бозӣ анҷом дода, 5 гол ва 2 партофти головар ба номаш сабт кардааст. Ӯ яке аз бозигарони калидии дастаи шаҳри Милан ва мунтахаби Нидерланд ба ҳисоб меравад.
Шартномаи амалкунандаи Думфрис бо “Интер” то тобистони соли 2028 эътибор дошт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ҳимоятгар айни замон 25 миллион евроро ташкил медиҳад.
Бо ҷалби Думфрис, “Реал Мадрид” ният дорад хатти муҳофизати худро барои мавсими нави футбол боз ҳам пурқувваттар намояд.
