Бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ба анҷом расиданд. Ҳамаи ҷуфтҳои даври 1/4 финалии чемпионати ҷаҳон, инчунин сана ва соати оғози бозиҳои онҳо маълум шуд.
Ҷадвали пурраи бозиҳои даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 (бо вақти Душанбе):
10 июл
01:00. Фаронса - Марокаш.
11 июл
00:00. Белгия - Испания
13 июл
02:00. Англия - Норвегия;
06:00. Аргентина - Шветсария.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Нахустин бор дар таърихи чемпионати ҷаҳон дар қисми ниҳоии мусобиқа 48 тими миллӣ ширкат карданд. Чемпиони феълии ҷаҳон тими миллии Аргентина мебошад.
