Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2026 байни тимҳои миллии Шветсария ва Колумбия дар варзишгоҳи BC Place (Ванкувер, Канада) пас аз вақти асосӣ ва фурсатҳои иловагӣ бо ҳисоби 0-0 ба анҷом расид. Сипас мунтахаби Шветсария дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
8 июли соли 2026, чоршанбе. 01:00 ба вақти Душанбе
Швейтсария 0:0 (4:3) Колумбия
Гранит Ҷака, Зеки Амдуни, Седрик Иттен ва Рубен Варгас аз Швейтсария дар иҷрои пеналтӣ хато накарданд. Мануэл Аканҷӣ вақти зарбазанӣ иштибоҳ кард.
Хуан Кинтеро, Ҷаминтон Кампас ва Луис Диас аз Колумбия зарбаҳои пеналтиро дуруст иҷро намуданд. Давинсон Санчес ба тири дарвоза зарба зад ва Грегор Кобел зарбаи Кучо Эрнандесро тавонист баргардонад.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Шветсария дар чорякфиналӣ бо Аргентина рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозӣ 12 июл дар варзишгоҳи Эрроухед (Канзас-Сити, Миссури, ИМА) баргузор мешавад.
Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст.
