Шаби 5-ум ба 6-уми июл бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2026 байни тимҳои миллии Мексика ва Англия дар варзишгоҳи Эстадио Астека (Мехико Сити, Мексика) ба анҷом расид, ки бо ҳисоби 3-2 ба нафъи англисҳо хотима ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
6 июли соли 2026, душанбе. 06:00 ДШБ
Мексика 2:3 Англия
0:1 Беллингем – 36' 0:2 Беллингем – 38' 1:2 Кинйонес – 42' 1:3 Кейн – 60' 2:3 Хименес – 69'
Корти сурх: Куанса – 54'
Нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем ду гол дар сафи мунтахаби Англия ба самар расонида, як голи дигарро ҳамлагар Ҳарри Кейн аз зарбаи пеналти марбути номи хеш намуд.
Аз сафи тими миллии Мексика бошад голҳоро ҳамлагарон Ҷулиан Кинйонес ва Раул Хименес ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Англия дар даври чорякфиналӣ бо Норвегия рӯбарӯ хоҳад шуд.
