Пас аз хориҷ шудани мунтахаби Португалия аз Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, Криштиану Роналду аз эълони қарор дар бораи ояндаи худ дар ҳайати тими миллӣ худдорӣ кард.
“Ман қарорҳои саросемавор қабул намекунам ва намехоҳам диққатро аз он чизе, ки даста дар ин Ҷоми ҷаҳон анҷом дод, ба баъзе қарорҳои шахсии худам равона кунам” - нашрияи Record фишурдаи суханони Роналдуро иқтибос овардааст.
Мунтахаби Португалия дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 0:1 аз Испания шикаст хӯрд. Голи ғалабаи испаниҳо дар вақти иловагӣ аз ҷониби Микел Мерино ба самар расид.
Барои Криштиану Роналду ин шашумин Ҷоми ҷаҳон дар фаъолияти касбиаш буд. Дар ин муддат ҳамлагари португалӣ дар 27 бозӣ дар Чемпионатҳои ҷаҳон иштирок карда, 11 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст, аммо то ҳол натавонистааст соҳиби ҷоми қаҳрамонӣ гардад.
