LIVE

Карло Анчелотти сабаби бохти Бразилияро аз Норвегия дар ҶҶ-2026 шарҳ дод

Сармураббии тими миллии Бразилия Карло Анчелотти бохти  дастаашро аз мунтахаби Норвегия бо ҳисоби 2-1 дар даври 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳонии 2026 шарҳ дод.
Ҷоми ҷаҳон -  2026. Даври  1/8 ниҳоӣ
6 июли соли 2026, душанбе. 01:00 ДШБ
Бразилия 1:2 Норвегия
0:1 Холанд – 79' 0:2 Холанд – 90' 1:2 Неймар – 90+10'
"Дар аввал фикр мекардам, ки мо як дастаи назоратшаванда ҳастем, имкониятҳо фароҳам овардем. Фишори аз ҳад зиёд душвор буд, зеро Норвегия куллан аз хати дифоъ даст кашид ва фишори аз ҳад зиёд хатарнок аст. Мо ба истеъдодҳои ҷавон ниёз дорем, бароямон мо бозигарони босифат лозиманд, ки ба футболи Бразилия меоянд. Фикр мекунам, ки мо хуб бозӣ кардем, аммо ин футбол аст, ин варзиш аст. Баъзан Шумо бояд мағлубиятро низ қабул кунед", - иқтибос меорад CNA аз суханони Анчелотти.
Дар даври чорякфиналӣ Норвегия бо ғолиби бозии Мексика ва Англия рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар даври 1/8 ниҳоӣ бошад мунтахаби Бразилия Ҷопонро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод, дар ҳоле ки Норвегия бар Кот-д'Ивуар  бо ҳисоби 2-1 зафар ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив