LIVE

Мунтахаби Фаронса бо ду голи Мбаппе Сенегалро мағлуб кард

Мунтахаби Фаронса рақобати худро дар Чемпионати ҷаҳон-2026 бо пирӯзӣ оғоз намуд. Фаронса дар бозии даври аввали гурӯҳи “I” мунтахаби Сенегалро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “МетЛайф” дар шаҳри Ист-Ратерфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда, онро довари маъруф Алиризо Фағонӣ аз Австралия ҳакамӣ кард.
Нимаи аввали бозӣ бо вуҷуди талошҳои ҳарду даста бидуни гол анҷом ёфт. Дар дақиқаи 66-уми бозӣ ситораи мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе пас аз паси головари Майкл Олисе ҳисобро боз кард.
Баъдан, дар дақиқаи 82-юм вингери ҷавон Брэдли Баркола, ки ҳамагӣ ду дақиқа пеш ба майдон ворид шуда буд, голи дуюми фаронсавиҳоро ба самар расонд ва бартарии дастаашро бештар кард.
Дар дақиқаҳои иловагӣ Сенегал тавонист як голро ҷуброн кунад. Ҳамлагар Иброҳим Мбайе дар дақиқаи 90+5 ҳисобро 2:1 намуд. Аммо ҳамагӣ як дақиқа баъд Килиан Мбаппе дубл карда, нуқтаи ниҳоиро дар ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи Фаронса гузошт.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Фаронса се имтиёзи муҳим ба даст оварда, оғози бомуваффақияти худро дар мусобиқа таъмин кард.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ Фаронса рӯзи 23 июн бо мунтахаби Ироқ бозӣ мекунад. Сенегал бошад, дар ҳамин рӯз бо мунтахаби Норвегия рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив