Бо ибтикори дастаи футболи “Барқчӣ” дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали идона ва варзишии бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки дӯстдорони футбол, кӯдакону наврасон, варзишгарон ва сокинони ноҳия дар фазои гарму самимӣ доир шуд.
Дар ҷараёни фестивал барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни ҷолиб омода гардида буданд. Аз ҷумла, бозиҳои намоишӣ миёни футболбозони ҷавон, машқҳои кушоди футболӣ, озмунҳои шавқовар ва баромадҳои варзишии кӯдакон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд. Кӯдакону наврасон имконият пайдо карданд, ки маҳорати худро нишон дода, аз муҳити варзишӣ илҳом гиранд.
Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони дастаи “Барқчӣ” ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси хушҳолии кӯдакон ва боло гардидани рӯҳияи онҳо гардид.
“Рӯзи ҷаҳонии футбол барои дастаи “Барқчӣ” илҳомбахш ва нерӯбахш аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки бо масъулияту эҳсоси баланди касбӣ дар самти рушди футбол, тарбияи насли нав ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати бозингаронамон боз ҳам талоши бештар намоем”- омадааст, дар изҳороти дастаи “Барқчӣ”.
Чунин чорабиниҳои варзишӣ бешубҳа нақши муҳим дар пешбурди футбол дар сатҳи маҳаллӣ доранд ва бо ҷалби ҷавонон ба варзишу тарзи ҳаёти солим заминаи рушди ҳамаҷонибаро фароҳам месозанд.
