LIVE

Шартҳои нави Килиан Мбаппе ҷониби бошгоҳи “Реал Мадрид”

Дар расонаҳои испанӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи нави овозаҳо дар бораи муносибати муташанниҷ байни бозигарони асосии “Реал Мадрид”  Килиан Мбаппе ва Винисиус Жуниор пайдо шуд.
Рӯзноманигор Франсуа Галлардо хабар дод, ки ҳамлагари фаронсавӣ гӯё аз ҷониби баъзе бозигарони даста, аз ҷумла Винисиус хиёнатро эҳсос мекунад. Ба гуфтаи ӯ, модари Мбаппе Файза Ламари тобистони имсол ба президенти бошгоҳ Флорентино Перес ултиматум пешниҳод хоҳад кард.
Ба гуфтаи Галлардо атрофиёни Мбаппе метавонанд ин масъаларо ошкоро баён кунанд: ё Реал Мадрид аз Винисиус ҷудо мешавад, ё худи ҳамлагари фаронсавӣ дастаро тарк мекунад.
Аммо, ҳанӯз тасдиқи расмии ин маълумот аз ҷониби бошгоҳ ё намояндагони бозигарон вуҷуд надорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бозигарон аз сафари охирини Мбаппе ба Италия дар пешорӯи бозӣ бо “Барселона” норозӣ буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив