LIVE

Мбаппе аз сабаби ҷароҳат дар бозиҳои боқимондаи мавсим ба майдон намеояд

Ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе то охири мавсими 2025/2026 аз сабаби ҷароҳат дар бозиҳои боқимондаи  “Лос Бланкос” иштирок карда наметавонад. Дар ин бора El Chiringuito TV дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ ҷароҳати Мбаппе нисбат ба он ки дар аввал фикр карда шуда буд, ҷиддӣтар буд. Тасдиқи расмии вазъияти Мбаппе аз ҷониби бошгоҳ имрӯз, 27 апрел интизор меравад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Мбаппе аз пои чап ҷароҳат бардоштааст. Ин футболбози фаронсавӣ дар дақиқаи 81-уми даври 32-юми бозии чемпионати Испания бо Бетис (1-1) иваз карда шуд.
Мбаппе ин мавсим дар 28 бозии Ла Лига ширкат карда, 24 гол  ва чор партофти головар дар номаш дорад. Қобили зикр аст, ки  футболбози фаронсавӣ моҳҳои феврал ва март дар панҷ бозии “Лос Бланкос" бинобар мушкилоти зону иштирок надошта буд.  Тибқи маълумоти Transfermarkt арзиши тахминии Мбаппе 200 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив