Ҳамлагари бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд пас аз мусовӣ бо “Эвертон” дар даври 35-уми Премер-лигаи Англия ҳамдастаҳояшро рӯҳбаланд кард.
Англия – Премер-лига. Даври 35-ум
5 майи соли 2026, сешанбе. 00:00 ДШБ
“Эвертон” (Ливерпул) 3:3 “Манчестер Сити” (Манчестер)
0:1 Доку – 43' 1:1 Барри – 68' 2:1 О'Брайен – 73' 3:1 Барри – 81' 3:2 Ҳоланд – 83' 3:3 Доку – 90+7'
"Мо ҳоло ҳам дар бозӣ ҳастем", - иқтибос меорад BBC аз суханони Ҳоланд, суханоне, ки пас аз бозӣ ин бозигар ба ҳамдастаҳояш дар майдон гуфтааст.
“Манчестер Сити” бо вуҷуди се бозии боқимондаи мавсим бо 71 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. “Арсенал” бо 76 имтиёз пешсафи ҷадвал аст. Қобили зикр аст, ки "шаҳриён" як бозии боқимонда доранд.
Дар даври ояндаи Премер-лигаи Англия “Манчестер Сити” бо “Брентфорд” ва “Арсенал” бо “Вест Хэм” бозӣ хоҳанд кард.
Ин мавсим Ҳоланд дар ҳама мусобиқаҳо 49 бозӣ анҷом дода, ба задани 36 гол ва ирсоли ҳафт партофти головар даст ёфтааст.
