LIVE

“Манчестер Сити” дар бозии нӯҳгола бар “Фулҳэм” зафар ёфт

Бозии Премер-лигаи Англия байни дастаҳои “Фулҳэм” ва “Манчестер Сити”  дар варзишгоҳи Кревен Коттеҷ (Лондон) бо пирӯзии "шаҳриён" бо ҳисоби 5-4 ба анҷом расид.
Англия —Премер-лига. Даври 14-ум
3 декабри соли 2025, чоршанбе. 00:30 ДШБ
Фулҳэм” (Лондон4 : 5 “Манчестер Сити”  (Манчестер)
0:1 Ҳоланд – 17' 0:2 Рейндерс – 37' 0:3 Фоден – 44' 1:3 Смит-Роу – 45+2' 1:4 Фоден – 48' 1:5 Берге – 54' 2:5 Ивоби – 57' 3:5 Чуквуезе – 72' 4:5 Чуквуезе – 78'
Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 17-ум ба тимаш пешсаф овард ва, Теяни Рейндерс дар дақиқаи 37-ум бартарии меҳмононро дучанд кард. Фил Фоден бошад дар дақиқаи 44-ум голи сеюми “Сити”-ро зад. Эмил Смит-Роу дар дақиқаи дуюми иловашуда ба нимаи дуюм голи ҷавобӣ зад. Голи панҷуми Фоден дар дақиқаи 48-ум зада шуд. Дар дақиқаи 54-ум бошад Сандер Берге аз сафи лондониҳо голи ҷавобӣ ба ҳадаф расонид. Алекс Ивобӣ дар дақиқаи 57-ум аз дуюмин голи тимаш истиқбол гирифт, пас аз он Саму Чуквуезе дар дақиқаи 73-ум ва 78-ум ду голи дигарӣ ба ҳадаф расонид.
Пас аз ин бозӣ “Фулҳэм” бо 17 имтиёз дар зинаи 15-уми   Премер-лигаи Англия қарор дорад, дар ҳоле ки “Манчестер Сити” бо 28 имтиёз дар ҷои дуюм аст.
Дар даври оянда, "Фулхэм" рӯзи 7-уми декабр дар майдони худ "Кристал Пэлас"-ро қабул мекунад ва "шаҳриён" 6-уми декабр дар майдони худ бо "Сандерленд" вомехӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив