Сармураббии мунтахаби Олмон Юлиан Нагелсманн дар бораи интихоби нави дарвозабонаш тасмим гирифт. Ин ҳам дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки агар дарвозабони “Барселона” Марк-Андре тер Штеген дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 бозӣ карда натавонад. Дар ин бора рӯзноманигор Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ Оливер Бауманн аз “Хоффенхайм” метавонад дар сурати шомил нашудани Тер Штеген ба ҳайати даста дарвозабони асосии дастаи миллӣ хоҳад буд. Александр Нюбел аз “Бавария”-и Мюнхен, ки айни замон дар “Штутгарт” тариқи иҷора баромад мекунад, ҳамчун нафари эҳтиётӣ хизмат хоҳад кард ва чун дарвозабони сеюм баъдтар эълон хоҳад шуд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 тими миллии Олмон дар гурӯҳи “E” бо мунтахабҳои Кюрасао, Кот-д'Ивуар ва Эквадор бозӣ мекунад.
