LIVE

Голи Луис Суарес пирӯзии "Спортинг"-ро зидди “Порту” таъмин кард

Шаби 3-юм ба 4-уми март бозии аввали нимфинали Ҷоми Португалия дар варзишгоҳи "Жозе Алваладе"-и Лиссабон, Португалия байни дастаҳои "Спортинг" ва "Порту" баргузор шуд. Бозӣ бо пирӯзии  1-0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Ҷоми Португалия. Нимниҳоӣ
4-уми марти соли 2026, чоршанбе. 00:45 ДШБ
“Спортинг” (Лиссабон) 1:0 “Порту” (Порту)
1:0 Суарес – 62'
Голия ягонаи ин бозиро ҳамлагари колумбиявӣ Луис Суарес дар дақиқаи 62-юм зад. Ӯ тӯбро аз зарбаи пеналти ба дарвоза ворид кард.
Бозии дуюми даври нимфиналӣ санаи 22-юми апрел дар Порту баргузор мешавад. Ғолиби ин рақобати иборат аз ду вохӯрӣ дар финали Ҷоми Португалия бо ғолиби ҷуфти “Фафи” – “Торринсе” (бозии аввал 1:1) рӯбарӯ хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки "Спортинг" дорандаи кунунии ҷоиза аст ва ки дар финали мавсими 2024/25 "Бенфикаро"(3:1)  мағлуб карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив