Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар рақобати даври нимфиналии Ҷоми Испания-2025/26 “Барселона”-ро бо ҳисоби умумии 4-3 шикаст дод ва бори аввал аз соли 2013 дар финали ин мусобиқа бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми Испания. Нимниҳоӣ
4 марти соли 2026, чоршанбе. 01:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона) 3:0 “Атлетико Мадрид” (Мадрид)
1:0 Бернал – 29' 2:0 Рафинья – 45+5' 3:0 Бернал – 72'
Бори охир бошгоҳи шаҳри Мадрид дар финали мусобиқа 13 сол пеш иштирок карда буданд. Он вақт шогирдони Диего Симеоне бо пирӯзӣ дар дерби бар “Реал Мадрид” (2:1) мағлуб ғолиби Ҷоми Испания шуда буданд.
Дар бозии ниҳоии мусобиқаи ҷорӣ, "сурху сафедҳо" бо ғолиби бозии "Реал Сосйедад" ва "Атлетик Билбао" рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии аввал бо пирӯзии "сафед ва кабудҳо" бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Бозии ҷавобӣ имрӯз, 4-уми март дар Сан-Себастян баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки "Атлетико" 10 маротиба Ҷоми Испанияро ба даст овардааст.
