Дар Ҷоми Испания ҳамаи бошгоҳҳои ширкаткунандаи даври 1/4 финалӣ муайян шуданд.
Пас аз ҷамъбасти бозиҳои даври 1/8 ниҳоии мусобиқот маълум шуд, ки дар марҳилаи чорякфиналӣ мубориза барои Ҷом бо ширкати дастаҳои “Валенсия”, “Хетафе”, “Леганес”, “Барселона”, “Атлетико Мадрид”, “Осасуна”, “Реал Сосйедад” ва “Реал Мадрид” идома хоҳад кард. ".
Қуръакашии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Испания, ки ҳайати дақиқи ҷуфтҳои чаҳорякниҳоиро муайян мекунад, рӯзи 20-уми январ баргузор мешавад. Дорандаи феълии Ҷоми Испания “Атлетик Билбао” мебошад, ки дар бозии финал вақти иҷроиши зарбаҳои пеналтӣ (1:1, 4:2 пеналтӣ) “Малйорка”-ро шикаст дод. Ин маврид бошад бошгоҳи баскӣ дар даври 1/8 финалӣ дар майдони худ аз тими «Осасуна» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобат бар мусобиқаи мазкур хориҷ шуд.