LIVE

Симеоне оиди пирӯзии бузурги “Атлетико” бар “Барселона” сухан гуфт

Сармураббии бошгоҳи “Атлетико Мадрид” Диего Симеоне дар бораи пирӯзии бузурги дастааш дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Испания бар “Барселона” (4-0) изҳори назар кард.
Ҷоми Испания. Нимниҳоӣ. Бозии якум
13 феврали соли 2026, ҷумъа. 01:00 ДШБ
“Атлетико Мадрид” (Мадрид) 4:0 “Барселона” (Барселона)
1:0 Гарсия – 6' 2:0 Гризманн – 14' 3:0 Лукман – 33' 4:0 Алварес – 45+2'
Корти сурх:   Гарсия – 85'
"Мо дар варзишгоҳ энергияи аҷиберо эҳсос кардем. Ҳаёт - ин энергия аст. Мо тавонистем, ки  таҳти мавҷи ин энергия рақобат намоем. Бозӣ хеле хуб буд, чор ҳамлагар фазои холиро ба таври олӣ эҳсос мекарданд. Дар рӯзҳои дигар  мегӯем, ки мо азму ирода надорем, аммо имрӯз тарзи бозии мо дар ёдҳо хоҳад монд. Инро бозигарон бо беҳтарин роҳ нишон доданд.
Имрӯз мо шоми хеле хуб доштем. Медонем, ки бо чӣ гуна рақиб рӯбарӯ ҳастем.  Вақте замони интиқом фаро мерасад,   бояд ба бозии ҷавобӣ бо ҳамон азму ирода наздик шавем", - иқтибос меорад Marca аз суханони Симеоне.
Бозии ҷавобӣ рӯзи 3 март ба нақша гирифта шудааст ва дар варзишгоҳи Камп Ноу дар шаҳри Барселона баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив