LIVE

Собиқ бозигари “Ливерпул” шомили китоби "Рекордҳои Гиннесс" шуд

Нимҳимоятгари “Брайтон” Ҷеймс Милнер рекорди нав аз рӯйи шумораи бештари бозӣ дар Премйер-лигаро ба қайд гирифта, шомили китоби “Рекордҳои Гиннесс” шуд.
Милнер дар ҳайати асосии “Брайтон” дар бозии даври 27-уми Премйер-лигаи Англия муқобили “Брентфорд” ба майдон баромад, ки ин 654-умин бозӣ дар корномаи футболбозиаш дар чемпионати Англия ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, футболбози 40-солаи англис Гарет Бэрриро (653 бозӣ) як бозӣ паси сар карда, рекорддори  мутлақи Премйер-лига гардид.
Милнер дар соли 2002, вақте ҳамагӣ 16-сола буд, дар ҳайати “Лидс” дар Премйер-лига дебют кард. Баъдан ӯ дар дастаҳои “Нюкасл”, “Астон Вилла”, “Манчестер Сити” ва “Ливерпул” низ бозӣ кардааст.
Милнер, ки дар ҳайати мунтахаби Англия 61 бозӣ анҷом додааст, ду маротиба бо “Манчестер Сити” ва як маротиба бо “Ливерпул” қаҳрамони Премйер-лига шудааст. Инчунин ӯ бо ҳарду клуб Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст овардааст, инчунин бо “Ливерпул” ғолиби Лигаи чемпионҳо гардидааст.
Қобили зикр аст, ки то анҷоми мавсими ҷории Премйер-лига “Брайтон” боз 11 бозии дигар анҷом медиҳад ва Милнер имконият дорад, ки рекорди худро боз ҳам беҳтар намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив