LIVE

“Ювентус” новобаста аз пирӯзӣ дар ЛЧ аз идомаи рақобат маҳрум гардид

Бозии дуюми даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои мавсими 2025/26 байни дастаҳои “Ювентус” ва “Галатасарой” дар варзишгоҳи Алянси шаҳри Турин бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-2 анҷом ёфт.
Лигаи Чемпионҳо. Плей-офф. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 26 феврали соли 2026. 01:00 ДШБ
“Ювентус” (Турин, Италия) 3 : 2 (вақти иловагӣ) “Галатасарой” (Истанбул, Туркия)
1:0 Локателли – 37' 2:0 Гатти – 70' 3:0 Маккенни – 82' 3:1 Осимхен – 105+1' 3:2 Йилмаз – 119'
Корти сурх: Келли – 48'  
Голҳои тими туринии “Ювентус”-ро Мануэл Локателли, Федерико Гатти ва Вестон Маккенни заданд. Қобили зикр аст, ки дастаи шаҳри Турин пас аз он ки Ллойд Келли дар дақиқаи 48-ум аз майдон хориҷ карда шуд, тавонист ду гол занад, ва дар қисмати бештар бозӣ 10 нафара рақобат мекард.
Аз сафи “Галатасарой” бошад Виктор Осимхен ва Бариш Йилмаз дар вақти иловагӣ муаллифи гол шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Галатасарой” дар бозии аввал “Ювентус”-ро бо ҳисоби 5-2 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, "Галатасарой" ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Бозии финалии мусобиқаи имсола дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешт санаи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив