LIVE

Бохти бузурги “Ювентус” аз “Галатасарой” дар Лигаи Чемпионҳо

Дар доираи бозиҳои даври плей-оффи Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Галатасарой” ва “Ювентус” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Рамс Парк”-и шаҳри Истанбул доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи “Галатасарой” анҷом ёфт.
Ҳисоб дар дақиқаи 15-уми бозӣ аз ҷониби Габриэл Сара ба фоидаи “Ювентус” кушода шуд. Бо гузашти як дақиқа Тён Копмейнерс таносубро баробар намуд. Дар дақиқаи 32-юми бозӣ Тён Копмейнерс дар ҳисоб “Ювентус”-ро ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 49-уми бозӣ Ноа Ланг аз паси головари Бариш Йилмаз ҳисобро баробар намуд. Давинсон Санчес дар дақиқаи 60-ум дар ҳисоб “Галатасарой”-ро ба пеш баровард. Хуан Кабал дар дақиқаи 67-ум аз ҳайати “Ювентус” корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 75-уми бозӣ Ноа Ланг дубл карда, ҳисобро 4 бар 2 кард. Саша Буй голи панҷуми “Галатасарой”-ро дар дақиқаи 86-ум ба дарвозаи “Ювентус” зад ва бо ҳисоби 5 бар 2 бозии дастаҳо анҷом ёфт.
Ин бохт бо чунин ҳисоб дар таърихи “Ювентус” дар Лигаи чемпионҳо аввалин ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи шаҳри Турин бори аввал аз дарвозааш голро берун кард.
Тибқи иттилои нашрияи омории Opta Sports, охирин бор туриниҳо соли 1958 дар мусобиқоти аврупоӣ 5 ё бештар гол қабул карда буданд, вақте ки дар Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо аз тими “Винер” бо ҳисоби 0:7 мағлуб шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ миёни “Галатасарой” ва “Ювентус” рӯзи 25-уми феврал баргузор мешавад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Альянс”-и шаҳри Турин доир мегардад. Пас аз марҳилаи умумии мусобиқа дастаи шаҳри Истанбул бо 10 имтиёз ҷойи 20-умро ишғол кард, дар ҳоле ки бошгоҳи шаҳри Турин бо 13 имтиёз дар зинаи 13-ум қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив