LIVE

“Буде/Глимт” дар бозии аввали плей-оффи ЛЧ “Интер”-ро мағлуб кард

Бозии аввали даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои 2025/26 байни дастаҳои “Буде/Глимт”-и кишвари Норвегия ва “Интер”-и Италия  бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-1 анҷом ёфт.
Лигаи Чемпионҳо. Плей-офф. Бозии 1-ум
Чоршанбе, 19 феврали соли 2026. 01:00 ДШБ
“Буде/Глимт” (Буде, Норвегия) 3:1 “Интер Милан” (Милан, Италия)
1:0 Брунстад – 20' 1:1 Эспозито – 30' 2:1 Хауге – 61' 3:1 Хауге – 64'
Дар дақиқаи 21-ум Сондре Брунстад ҳисобро кушода, ба тими норвегӣ пешсафӣ овард. Франческо Эспозито дар дақиқаи 30-ум голи ҷавобӣ зад. Дар дақиқаи 61-ум Йенс Петтер Хауге боз мизбононро дар ҳисоб пешсаф кард. Каспер Хауге голи сеюми тимашро дар дақиқаи 64-ум ба самар расонид.
Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Интер” ва “Буде/Глимт” рӯзи 24-уми феврал дар варзишгоҳи Сан-Сиро (Ҷузеппе Меатза)-и шаҳри Милан баргузор мешавад.
Дастаи кишвари Норвегия дар Лигаи Чемпионҳо дар маҷмӯъ нӯҳ имтиёз ба даст оварда, дар ҷои 23-юм қарор гирифт. Бошгоҳи итолиёвӣ бошад бо касби 15 имтиёз дар мақоми даҳуми ҷадвали марҳилаи умумӣ ҷойгузин шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив