LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: “Буде/Глимт” - “Тоттенхэм”

Имрӯз, 8-уми май дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Аврупои УЕФА  дастаҳои «Буде/Глимт» ва «Тоттенхэм»   дар варзишгоҳи Аспмюраи  шаҳри Будеи кишвари Норвегия  ба ҳам меоянд. Рақобати мазкур соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз гардида, ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” манзури бинандагон гардонида мешавад.
Лигаи Аврупо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
09 майи соли 2025, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Буде/Глимт” (Буде, Норвегия) – “Тоттенхэм” (Лондон, Англия)
Вохурии аввалини ин дастаҳо бо ҳисоби 3:1 ба нафъи лондониҳо анҷом ёфта буд.  
Дар даври чорякфиналии Лигаи Аврупо “Тотенхэм” бар тими “Айнтрахт Франкфурт”-и Олмон дар ду бозӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. «Буде/Глимт» бошад дар навбати худ «Латсио»-ро бо ҳисоби 3:3 (3:2 аз рӯи пеналтӣ) дар ду рақобат шикаст дод.
Дар финали Лигаи Аврупо ғолиби ин ҷуфт бо ғолиби ҷуфти  “Манчестер Юнайтед”- “Атлетик Билбао”   вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив