Бозии «Буде-Глимт» (Норвегия) ва «Тоттенхэм» (Англия) дар даври 2-юми Лигаи Чемпионхо дар варзишгоҳи Аспмираи шаҳри Будё баргузор шуд бо ҳисоби 2-2 анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Даври 2-юм
Чоршанбе, 01 октябри соли 2025. 00:00 ДШБ
“Буде-Глимт” (Будё, Норвегия) 2:2 “Тоттенхэм Хотспур” (Лондон, Англия)
1:0 Хауге – 53' 2:0 Хауге – 66' 2:1 ван де Вен – 68' 2:2 Гундерсен – 89'
Ҳисобро дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари мизбонон Йенс Петтер Ҳауге боз кард. Дар дақиқаи 66-ум Хауге бартарии Буде-Глимтро дучанд намуд. Баъди ду дақиқа ҳимоягари меҳмонон Микки ван де Вен як голи ҷавобии тимашро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 89-ум ҳимоятгари норвегӣ Йоштейн Гундерсен ба дарвозаи рақибон худгол зад.
Дар даври баъдӣ тими кишвари Норвегия бо “Галатасарой” рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозӣ рӯзи 22-юми октябр баргузор мешавад. Бошгоҳи шаҳри Лондон бо Монако (22 октябр) бозӣ мекунад.
