Бозии даври 24-уми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои “Райо Валйекано” ва “Атлетико Мадрид” дар варзишгоҳи Эстадио Валйекас (Мадрид, Испания) бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 3-0 хотима ёфт.
Испания. Примера. Даври 24-ум
15 феврали соли 2026, якшанбе. 20:15 ДШБ
“Райо Валйекано” (Мадрид) 3:0 “Атлетико Мадрид” (Мадрид)
1:0 Перес – 40' 2:0 Мартин – 45' 3:0 Менди – 76'
Нимҳимоятгари бошгоҳи “Райо Валйекано” Фран Перес дар дақиқаи 40-ум ҳисоби бозиро кушод. Баъди панҷ дақиқа Оскар Мартин бартарии дастаи мизбонро дучанд кард. Дар дақиқаи 76-ум бошад ҳимоятгар Нобел Менди голи сеюмро ба дарвозаи “Атлетико” ворид намуд ва ҳисоби бозиро 3:0 кард.
Пас аз 24 бозӣ дар лигаи олии Испания “Атлетико Мадрид” 45 имтиёз дорад ва дар зинаи сеюми ҷадвал қарор дорад. “Райо Валйекано” пас аз 23 бозӣ бо 25 дар мақоми 16-ум ҷой гирифтааст.
“Атлетико Мадрид” рӯзи 21-уми феврал бо “Эспанйол” бозӣ хоҳад кард, дар ҳоле ки “Райо Валйекано” дар ҳамон рӯз дар меҳмонӣ бо “Реал Бетис” бозӣ мекунад.
