LIVE

 “Барселона” аз “Реал” ва “Атлетико” пеш гузашт

Бозии охири даври 24-уми чемпионати Испания миёни дастаҳои “Барселона” ва “Райо Валйекано” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.

Ягона голи бозиро Роберт Левандовски аз зарбаи пеналти дар дақиқаи 28-ум ба самар расонид.

Бо ин пирӯзӣ дастаи “Барселона” бо 51 имтиёз ба садри ҷадвали мусобиқа баромада аз “Реал Мадрид” ва “Атлетико Мадрид” пеш гузашт. “Райо Валйекано” бо 35 имтиёз дар ҷои шашум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда “Барселона”дар сафар бо “Лас-Палмас” рӯзи 23-юми феврал ва “Райо Валйекано” бо “Вилярреал” рӯзи 22-юми феврал бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив