Бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” пас аз шарҳи яке аз моликони ин тим Ҷим Рэтклифф дар бораи вазъи иқтисодии Британияи Кабир изҳорот нашр кард, ки дар он оиди аҳолии зиёди муҳоҷирони кишвар таъкид шуда буданд. Қаблан дар хабарҳои расонаҳо гуфта мешуд, ки аъзоёни дигар аз роҳбарияти бошгоҳи нисбати чунин тавзеҳоти Рэтклифф хашмгин буданд.
“Манчестер Юнайтед” бо он ифтихор мекунад, ки як бошгоҳи кушода ва меҳмоннавоз аст. Таркиби гуногуни бозигарон, кормандон ва пойгоҳи мухлисони ҷаҳонии он таърих ва мероси Манчестерро инъикос мекунад - шаҳре, ки ҳама метавонанд онро хона номанд.
Аз замони оғози ташаббуси баробарии мо дар соли 2016, ин принсип дар баробари принсипҳои гуногунрангӣ ва фарогирӣ, ҳама чизеро, ки мо мекунем, дастгирӣ кардааст. Мо ба рӯҳияи ин барнома пурра содиқ мемонем. Ин арзишҳо на танҳо дар қоидаҳои мо, балки дар фарҳанги бошгоҳ низ инъикос ёфтаанд, - гуфта мешавад дар изҳороти "девони сурх".
