LIVE

“МанСити” бо пирӯзӣ бар “Нюкасл” ба финали Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфт

Бозии дуюми даври нимфиналии Ҷоми Лигаи Англия байни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Нюкасл Юнайтед” бо ҳисоби 3-1 дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и Манчестер ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Англия - Ҷоми Лига. Нимфинал. Бозии дуюм
Панҷшанбе, 5 феврали соли 2026. 01:00 ДШБ
“Манчестер Сити” (Манчестер) 3:1 “Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон-Тайн)
1:0 Мармуш – 7' 2:0 Мармуш – 29' 3:0 Рейндерс – 32' 3:1 Эланга – 63'
Дар дақиқаи ҳафтум Умар Мармуш ҳисобро дар ин бозӣ кушода,  "шаҳриён"-ро ба пеш баровард. Голи дуюми Мармуш дар дақиқаи 29-ум ба қайд гирифта шуд. Дар дақиқаи 33-юм Теяни Рейндерс голи сеюми дастаи мизбононро ба ҳадаф расонид. Энтони Эланга бошад дар дақиқаи 62-юм муаллифи голи ягонаи дидор гардид.
Дар бозии аввали марҳилаи нимфиналӣ “Манчестер Сити” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд. Дар он рақобат Антуан Семенйо ва Райан Черки гол зада буданд.
Қаблан, бошгоҳи “Арсенал” аввалин дастае шуд, ки ба финали Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфт ва “Челси”-ро бо ҳисоби умумии 4-2 шикаст дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив