Бозии даври 1/8 ниҳоии мавсими Ҷоми Испания 2025/2026 байни дастаҳои “Албасете” аз лигаи сатҳи дуюм ва “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи Карлос Белмонте дар Албасете, Испания бо пирӯзии мизбонон 3-2 хотима ёфт.
Ҷоми Испания. Даври 1/8 финалӣ
Панҷшанбе, 15 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
“Албасете” (Албасете) 3:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
1:0 Виллар – 42' 1:1 Мастантуоно – 45+3' 2:1 Бетанкор – 82' 2:2 Гарсия – 90+1' 3:2 Бетанкор – 90+4'
Дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгар Хави Виллар “Албасете”-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 45+3 бозигари аргентинии мадридиён Франко Мастантуоно ҳисобро баробар кард. Ҳамлагар Хефте Бетанкор дар дақиқаи 82-юм боз мизбононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 90+1-ум ҳамлагар Гонсало Гарсия голи дуюми “Реал Мадрид”-ро зад. Билохира дар дақиқаи 90+4 ҳамлагар Бетанкор ба “Албасете” пирӯзӣ овард.
Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” аз идомаи рақобат дар Ҷоми Испания маҳрум шуд. Бозӣ бо “Албасете” аввалин бозӣ дар кори сармураббигии "Лос Бланкос" таҳти роҳбарии сармураббии нав Алваро Арбелоа буд, ки ӯ қаблан ҳамватани худ Хаби Алонсоро иваз карда буд.
