LIVE

“Рома” бо бохт аз “Торино” аз идомаи рақобат дар Ҷоми Италия маҳрум шуд

Бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Италия 2025/2026 байни дастаҳои “Рома” ва “Торино” бо пирӯзии зердастони Марко Барони бо ҳисоби 3-2 сипарӣ гардид.
Ҷоми Италия. 1/8-ниҳоӣ
14 январи соли 2026, чоршанбе. 01:00 ДШБ
“Рома” (Рим) 2:3 “Торино” (Турин)
0:1 Адамс – 35' 1:1 Хермосо – 46' 1:2 Адамс – 52' 2:2 2:3 Илхон – 90'
Дар дақиқаи 35-ум ҳамлагари “Торино” Че Адамс аз паси бозигари собиқи ССКА-и Маскав Никола Влашич ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 46-ум бошад ҳимоятгари "Рома" Марио Эрмосо ҳисобро баробар кард. Адамс дар дақиқаи 52-юм голи дуюмро зад ва ба "Торино" бартарӣ дод. Дар дақиқаи 81-ум ҳамлагари "Рома" Антонио Арена боз ҳисобро баробар кард. Билохира нимҳимоятгар Амирхон Илхон дар дақиқаи 90-ум ба "Торино" пирӯзӣ овард.
Ба ин васила, "Торино" ба даври чорякфиналии Ҷоми Италия роҳ ёфт, дар ҳоле ки "Рома" дар дуввумин мусобиқаи бузурги кишвар иштироки худро ба анҷом расонд. Дар марҳилаҳои аввали Ҷом, дастаи шаҳри Турин "Пиза"-ро (1-0) ва "Моденаро" (1-0) мағлуб карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив