LIVE

“Тоттенҳэм” омода аст зимистон 150 млн фунт дар трансферҳо масраф кунад

Роҳбарияти бошгоҳи лондонии “Тоттенҳэм Хотспур” тибқи иттилои нашрияи The Sun  барои харидории бозигарон дар равзанаи зимистонаи трансферӣ 150 млн фунт стерлинг ҷудо кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ ҳадафи асосии бошгоҳи шаҳри Лондон Антуан Семенё аз "Борнмут" аст, аммо эҳтимолияти ба “Тоттенҳэм” ҳамроҳ шудани ин бозигари кам мебошад. Таъкид мешавад, ки "Тоттенҳэм" метавонад бозигари "Манчестер Сити" Савиоро, ки тобистони гузашта ба ӯ таваҷҷӯҳ доштанд, дубора ба даст орад.
Пас аз 17 бозии Премер-лигаи Англия дастаи Томас Франк 22 имтиёз дорад ва айни замон дар ҷои 14-ум қарор дорад. "Тоттенҳэм" дар даври 18-ум (28-уми декабр) бо "Кристал Пэлас" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив