Тибқи иттилои нашрияи Tuttomercatoweb бошгоҳи “Наполи” харидории нимҳимоятгари 30-солаи Бавария Леон Горетскаро ҳамчун варианти афзалиятноки худ барои тақвияти ҳайат баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ эҳтимол дорад, ки бошгоҳи шаҳри Мюнхен Горетскаро дар моҳи январ фурӯшад, сарфи назар аз он ки шартномаи ӯ тобистони имсол ба охир мерасад. Аз ин рӯ, “Наполи” имконоти дигарро меомӯзад: Кобби Майну (Манчестер Юнайтед), Лоренсо Пеллегрини (Рома) ва Сунгута Магасса (Вест Хэм Юнайтед).
Горетска аз тобистони соли 2018 дар сафи “Бавария” бозӣ кардааст. Нимҳимоятгар бо ин бошгоҳ шаш унвони қаҳрамонии Олмонро ба даст овардааст. Дар ин давра ӯ дар ҳама мусобиқаҳо 287 бозӣ карда, 46 гол ва 48 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Тибқи маълумоти сомонмаи Transfermarkt арзиши бозории ӯ 15 миллион евро мебошад.
