LIVE

Гвардиола футболбозонашро аз пурхӯрӣ дар идҳо ҳушдор дод

Сармураббии бошгоҳи “Манчестер Сити” Пеп Гвардиола пеш аз танаффуси солинавӣ шогирданашро дар тарозу санҷид. 
Ӯ ҳушдор дод, ки бозгашт бо вазни зиёдатӣ метавонад боқӣ мондан дар ҳайатро зери хатар гузорад.
Гвардиола таъкид кард, ки баъд аз идҳо боз санҷиши вазн баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ футболбозе, ки бо чанд килограмм зиёдатӣ аз идҳо ба даста баргарданд, метавонанд ба бозии навбатӣ роҳ наёбанд.
Мураббӣ мехоҳад ҳолати ҷисмонии бозигаронро пурра зери назорат нигоҳ дорад.
Айни ҳол “Манчестер Сити” дар зинаи дуюми ҷадвали ПЛА қарор дорад ва барои ҳар имтиёз мубориза мебарад. Ид аст, аммо яхдон душмани асосии футболбоз шуд ва “Арсенал” дар симои “Сити” ва Гвардиолаи бузург бояд баҳри расидан ба ормонҳои худ бояд мубориза барад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив