LIVE

Нишондоди рекордии саҳифаи Ламин Ямал дар шабакаи YouTube

Шабакаи интернетии YouTube-и бозигари ҷавони “Барселона” Ламин Ямал дар муддати ду рӯз шумораи бештар аз аз як миллион обуначиро соҳиб шуд.
Айни ҳол шумораи пайравони шабакаи ӯ аз як миллиону панҷоҳ ҳазор нафар зиёд аст.
Дар саҳифа то кунун танҳо як навор ҷой дода шудааст, ки дар он Ямал хонаи зисти худро нишон медиҳад
Ин навор дар давоми ду шабонарӯз беш аз 5,7 миллион бор тамошо карда шудааст.
Чунин суръати афзоиши обуначиён ҳатто барои ситораҳои маъруф ҳам нодир ба ҳисоб меравад.
Бо расидан ба ин нишондод, Ямал ҳуқуқи дарёфти “тугмаи тиллоӣ”-и YouTube-ро соҳиб мешавад.
Ӯ чӣ тавре мегӯянд дар майдон хати дифоъро мешиканад, дар интернет — алгоритмро.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив