Бозии финалии Суперҷоми Италия байни дастаҳои “Наполи” ва “Болоня” дар варзишгоҳи Ал-Аввал Парки шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо пирӯзии қаҳрамони феълии Серияи А бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Суперҷоми Италия. Финал
23 декабри соли 2025, сешанбе. 00:00 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 2:0 “Болоня” (Болоня)
1:0 Нерес – 39' 2:0 Нерес – 57'
Дэвид Нерес бозигари бошгоҳи “Наполи” дар дақиқаи 39-ум ҳисобро кушод ва баъдан дар дақиқа 57-уми дидор Нерес аз голи дуюми хеш истиқбол гирифт.
Дар бозии нимфиналии Суперҷоми Италия “Наполи” “Милан”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, дар ҳоле ки “Болоня” “Интер”-ро (1:1, 3:2 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб карда буд.
Ин пирӯзӣ барои “Наполи” сеюмин дар таърихи мусобиқа буда, “Ювентус” бо нӯҳ пирӯзӣ дар Суперҷоми Италия дорандаи нишондоди рекордӣ мебошад.
