Бозии даври 17-уми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои "Виллярреал" ва "Барселона" дар варзишгоҳи "Эстадио Серамика" (Виллярреал, Испания) бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Испания. Примера. Даври 17-ум
21 декабри соли 2025, якшанбе. 20:15 ДШБ
“Виллярреал” (Виллярреал) 0:2 “Барселона” (Барселона)
0:1 Рафиня – 12' 0:2 Ямал – 63'
Корти сурх: Вейга – 39'
Меҳмононро Рафиня дар дақиқаи 12-ум пас аз иҷроиши зарбаи пеналти ба пеш баровард. Дар дақиқаи 39-ум бошад ҳимоятгари “Виллярреал” Ренату Вейга корти сурхи мустақим гирифт ва аз майдон хориҷ карда шуд. Билохира Ламин Ямал дар дақиқаи 64-ум бартарии дастаашро дучанд кард ва ҳисоби ниҳоиро 2:0 ба тимаш таъмин намуд.
Пас аз 18 бозии Ла Лига бошгоҳи “Барселона” 46 имтиёз дорад ва пешсафи ҷадвал аст. “Виллярреал” пас аз 16 бозӣ бо 35 дар ҷои чорум қарор дорад.
“Барселона” рӯзи 3-юми январ дар меҳмонӣ бо “Эспанйол” бозӣ мекунад, дар ҳоле ки “Виллярреал” дар ҳамон рӯз бо “Элче” ба майдон меояд.
