LIVE

“Ливерпул” дар рақобат бо “Сандерленд” аз бохт наҷот ёфта тавонист

Бозии даври 14-уми Премер-лигаи Англия байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Сандерленд” бо ҳисоби  ниҳоии 1-1  дар варзишгоҳи Энфилд (Ливерпул) ба анҷом расид.
Англия —Премер-лига. Даври 14-ум
Панҷшанбе, 4 декабри соли 2025. 01:15 ДШБ
“Ливерпул” (Ливерпул) 1:1 “Сандерленд” (Сандерленд)
0:1 Талби – 67' 1:1 Мукиеле – 81'
Шамсиддин Талби дар дақиқаи 67-ум ба меҳмонон бартарӣ дод, вале Норди Мукиеле дар дақиқаи 81-ум бо голи худӣ тавонист ҳисобро баробар намояд.
Пас аз ин бозӣ “Ливерпул” бо 22 имтиёз дар зинаи ҳаштуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор гирифта, “Сандерленд” бо 23 имтиёз дар ҷои шашум мебошад.
Дар даври оянда "сурхҳо" рӯзи 6-уми декабр дар сафар бо "Лидс Юнайтед" бозӣ мекунанд, дар ҳоле ки "гурбаҳои сиёҳ" дар ҳамон рӯз дар сафар бо "Манчестер Сити" бозӣ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив