Имрӯз, 11-уми ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 анҷом медиҳад.
Дастаи мо бо Буркина-Фасо нерӯ месанҷад. Бозӣ дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа сурат гирифта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Дастаи то 17 солаи Тоҷикистон дар даври аввал аз тими Чехия бо ҳисоби 6 бар 1 мағлуб шуда буд. Ягона голи дастаи моро Муҳаммад Назриев ба самар расонид.
Дар даври дуюм дастаи мо аз тими ИМА бо ҳисоби 2 бар 1 ноком шуд. Ягона голро Муҳаммад Назриев аз ҳайати тими мо ба нишон расонд. ИМА бо ин ғалаба роҳашро ба марҳилаи плей-офф ҳамвор намуд. Дар бозии дигари гурӯҳ тими ИМА бо Чехия бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо дастаҳои Чехия, Буркина-Фасо ва ИМА қарор дорад.
Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17 солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.
