LIVE

 Бохти дуюми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ-2025

Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ҷараён дорад. Дар доираи мусобиқаи футзал имрӯз мунтахабҳои Тоҷикистон ва Марокаш андари майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 ба фоидаи Марокаш анҷом ёфт.

Ягона голи дастаи моро ба дарвозаи Марокаш дар ин бозӣ Бахтиёр Солиев ба самар расонид. Голҳои Марокашро Идрисс Раис, Билол Баккали (3 гол), Соуфиан Чарраои, Абдулкбир Боукдир, Соуфиан ал-Масрар ба ҳадаф расониданд.
Ин бохти дуюми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ мебошад. Дар бозии даври аввал дастаи мо бо бо ҳисоби 9 бар 5 мағлуби Афғонистон шуда буданд.

Ҳамин тавр, мунтахаби футзали Тоҷикистон бохти дуюмро дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ба қайд гирифта, имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод.

Дар бозии охири гурӯҳӣ шогирдони Пайрав Воҳидов бо дастаи Эрон бозӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад.
Дар гурӯҳи “В” пас аз бозиҳои даври дуюм Марокаш бо 4 имтиёз дар зинаи аввал аст. Афғонистон бо 3 имтиёз дар зинаи дуюм, Эрон бо 1 имтиёз дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охир аст. Мунтахабҳои Эрон ва Афғонистон дар даври дуюм бо ҳам бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив