Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми КФО-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян шуданд.
Пас аз қуръакашии Ҷоми Осиё-2026 яккачини Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, бо дастаҳои Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия нерӯ месанҷад.
Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» – тақсим шуд, ки ҳар кадоме аз чор даста иборат аст.
Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, барои медалҳо муборизаро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё -2026 аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор мегардад.
