LIVE

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Ҷаҳон-2025

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини ҳайати ниҳоии дастаро ҷиҳати ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, эълон кард.
Рӯйхати ниҳоӣ 21 бозигарро дар бар мегирад – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.
Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат менамояд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Ҷаҳон-2025:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анӯшервон Қурбонзода (ҳама – «Душанбе»);
Дифоъгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев (ҳарду – «Истиқлол»), Абдусамад Меликмуродов («Сардор»), Меҳроҷиддин Розиқов («Душанбе»), Шӯҳрат Нурматов (Академияи ФФТ), Садриддин Сатторов («Вахш»), Саидҷон Хоҷаев («Равшан»);
Нимҳимоягарон: Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев (ҳама – «Истиқлол»), Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода (ҳама – «Душанбе»), Ҳайдаршо Худойдодов («Эсхата»), Мунаввар Анварзод (Академияи ФФТ);
Ҳамлаварон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Назрулло Ашӯрализода («Душанбе»), Асадбек Махтумов («Эсхата»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив