Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини дар бораи натиҷаи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2025, ки мунтахаби мо дар як гурӯҳ бо тимҳои ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия қарор гирифт, изҳори назар кард.
Марко РАҶИНИ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17):
– Аз нуқтаи назари ман, қуръакашӣ барои мо чандон осон наомад, зеро мо бо дастаҳои пурқувват ва дорои таҷрибаи бештари ширкат дар мусобиқоти бузург вохӯрем. Дастаҳои ИМА ва Буркина Фасо дорои сохтори хуби ҷисмонӣ ва сатҳи омодагии баланд мебошанд. Мунтахаби Чехия бошад, техникаи аъло ва тактикаи хеле хуб дорад. Инҳо хислатҳои асосӣ ва фарқкунандаи ҳарифони мо мебошанд. Бо вуҷуди ин, мо бояд воқеъбин бошем ва бигӯем, ки дар чемпионати ҷаҳон ҳама дастаҳо қавиянд. Бинобар ин қуръакашӣ метавонист, ки беҳтар, ё ин ки бадтар ҳам бошад.
Давраи тайёрӣ ба чемпионати ҷаҳон барои дастаи мо муҳим аст. Бояд аз тамоми имкониятҳо истифода барем, харчӣ бештар машқ карда, вохӯриҳои байналмилалӣ гузаронем. Ин ягона роҳест, ки моро метавонад ба чемпионати ҷаҳон, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, аз ҷиҳати ҷисмонӣ, техникӣ ва пеш аз ҳама, аз ҷиҳати тактикӣ омода намояд. Аммо аз ҳама муҳимаш омодагии равонӣ ба ин мусобиқа хоҳад буд. Натиҷаи мусбӣ дар бозии аввал барои гузаштан ба даври баъдӣ муҳим аст ва умедворем, ки дар чемпионат мавқеи баландтаринро ишғол кунем. Мо дарк мекунем, ки бо рақибони пурқувват бозӣ мекунем, аммо дастаи ман, ин бачаҳо метавонанд ба ҳайрат биёранд ва боварии комил дорам, ки онҳо ба мардуми Тоҷикистон ҳисси ифтихор мебахшанд. Ман боварӣ дорам, ки то 3 ноябр мо ҳамаҷониба омода мешавем.