LIVE

Ҷамъомади таълимии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталя

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Анталияи Туркия ҷамъомади омӯзишии дуҳафтаина доир мекунад.
Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия, ки аз 8 то 24 январ баргузор мешавад, мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ҳарифони наврасони мо дертар эълон карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад. Рақибони наврасони кишвар дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив