Бозии даври 9-уми Бундеслига байни дастаҳои “Аугсбург” ва “Боруссия Дортмунд” дар варзишгоҳи VVK Arena (Аугсбург, Олмон) баргузор шуда, бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Олмон - Бундеслига. Даври 9-ум
Ҷумъа, 01 ноябри соли 2025. 00:30 ДШБ
“Аугсбург” (Аугсбург) 0:1 “Боруссия Д” (Дортмунд)
0:1 Гирасси – 37'
Голи ягонаи ин бозиро ҳамлагари 29-солаи “Боруссия” Серу Гирасси дар дақиқаи 37-ум ба самар расонид.
Бошгоҳи “Аугсбург” пас аз нӯҳ бозӣ бо ҳафт имтиёз дар зинаи 15-уми чемпионати Олмон қарор дошта, “Боруссия Дортмунд” бо 20 имтиёз дар ҷои дуюм мебошад. “Бавария”-и Мюнхен бо 24 имтиёз дар лига пешсаф аст.
