LIVE

«Ливерпул» дар мавриди гузариши Исак ба мувофиқа расидааст

Журналисти  маъруфи итолиявӣ Фабрисио Романо дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии X хабар медиҳад, ки Ливерпул бо "Нюкасл" барои гузариши ҳамлавар Александр Исак ба мувофиқа расид.
Ба иттилои манбаъ, маблағи гузариш 130 миллион фунт (150 миллион евро)-ро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам трансфери рекордӣ дар ПЛА дониста мешавад. Имрӯз Исак пеш аз бастани шартномаи дарозмуддат, ки чанд моҳ пеш мувофиқа шуда буд, баҳри гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шаҳри “Ливерпул” меравад.
Пеш аз ин, гаронтарин харидорӣ дар таърихи АПЛ гузариши Флориан Виртс буд, ки дар равзанаи трансферии тобистонаи ҷорӣ аз “Байер” ба “Ливерпул” ба маблағи 125 миллион евро гузариш анҷом дода буд.
Исак аз соли 2022 инҷониб дар ҳайати «Нюкасл» бозӣ мекунад. То ин муддат ӯ дар ҳайати дастааш дар тамоми мусобиқаҳо 109 бозӣ гузаронида, муаллифи 62 гол ва 11 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив