LIVE

Вокуниши размкори UFC Пэдди Пимблет оиди марги футболбоз Диогу Жота

Размкори маъруфи бритониёӣ Пэдди Пимблет, ки дар вазни сабуки UFC (то 70 кг) рақобат мекунад, нисбати даргузашти футболбози португалӣ Диогу Жота изҳори ҳамдардӣ кард. Футболбози португалӣ дар натиҷаи садамаи автомобилӣ, ки дар Испания рух дод, ҷон додааст. Диогу бошгоҳи "Ливерпул" ро намояндагӣ мекард.
"Дар он тарафи ҷаҳон бедор шудан ва фаҳмидани хабари харобиовар дар бораи Жота девонаовар аст. Фикрҳои ман бо зану фарзандон ва оилаи ӯ дар ин лаҳзаи дилхарош барои онҳост. Ман ҳеҷ гоҳ сафар ба Уэмбли ва тамоми оҳангҳоеро, ки мо дар роҳ он ҷо месурудем, ҳангоми гирифтани ҷоиза ва сипас ҳангоми ба хона баргаштан фаромӯш намекунам. Диогу рақами 20-и мост” – навиштааст варзишгар дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ёдовар мешавем, ки Педди Пимблет зодаи шаҳри Ливерпули Англия буда, дастаи Диогу Жотаро мухлисӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив