Ҳамлагари дастаи “Ливерпул” ва мунтахаби Португалия Диогу Жота дар синни 28-солагӣ бар асари садамаи нақлиётӣ дар Испания аз дунё даргузашт.
Садама дар музофоти Самора, дар километри 65-уми шоҳроҳи A-52, наздикии шаҳраки Паласиос-де-Санабрияи Испания рух додааст. Тибқи иттилои нашрияи Marca, ки ба гуфтаи шоҳидон истинод мекунад, мошин аз роҳ берун рафта, комилан сӯхтааст. Бародари Жота - Андре Силваи 25 сола низ дар ин садама ҷони худро аз даст додааст.
Шуҳрати бештарро Жота маҳз дар ҳайати “Ливерпул” ба даст оварда буд. Ӯ бо ин даста қаҳрамони Англия, ғолиби Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаи Англия гардида буд. Диогу аз соли 2020 инҷониб дар ҳайати “Ливерпул” бозӣ мекард. Пеш аз ин бошад, ӯ дар дастаҳои “Вулверхэмптон”, “Атлетико Мадрид”, “Порту” ва “Пасуш де Феррейра” ҳунарнамоӣ кардааст.
Дар сатҳи мунтахаб бошад, Жота бо тими миллии Португалия ду маротиба Ҷоми Лигаи миллатҳои УЕФА-ро ба даст овардааст.
Ӯ як футболбози боистеъдод ва инсони намуна буд, ки хотираи некаш дар дилу ёди дӯстдорони футбол абадӣ хоҳад монд.