LIVE

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Миллатҳои CAFA-2025 маълум шуданд

Имрӯз, соати 16:00 ба вақти Душанбе, маросими қуръакашии расмии ин мусобиқа баргузор гардид. Бар асоси низомнома, дастаҳо ба чор сабад ҷудо шудаанд:
Сабади 1: Эрон,  Ӯзбекистон
Сабади 2:  Тоҷикистон, Қирғизистон
Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон
Сабади 4: Уммон, Малайзия
Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон  бо мунтахаби Эрон, Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад.

Гурӯҳи “А” 
Ӯзбекистон
Қирғизистон 
Туркманистон 
Уммон

Гурӯҳи “В”
Тоҷикистон  
Эрон 
Афғонистон
Малайзия

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои гурӯҳи “А” дар Ӯзбекистон ва бозиҳои гурӯҳи “В” дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.  Мусобиқа аз 29-ум август то 8-уми сентябр доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив