Пагоҳ 23-юми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17) баргузор мешавад. Рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон 🇹🇯 дар марҳилаи гурӯҳӣ муайян хоҳанд шуд. Қуръакашӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 хоҳанд шуд.
Ҳайати сабадҳо пеш аз қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё -2025 (U-17):
Сабаби 1-ум
Арабистони Саудӣ (мизбони мусобиқа)
Ҷопон
Кореяи Ҷанубӣ
Эрон
Сабади 2-юм
Австралия
Яман
Ӯзбекистон
ТОҶИКИСТОН
Сабади 3-юм
Таиланд
Ветнам
Уммон
Афғонистон
Сабади 4-ум
Чин
Индонезия
ҶХДК
АМА