LIVE

Бозингарони ҷавон ба "Истиқлол" пирӯзӣ оварданд (РАСМ)

Дастаи "Истиқлол", ки аллакай чанд давр пеш унвони қаҳрамониро дар Лигаи олӣ ба даст оварда буд, дар сафар ба дастаи "Панҷшер" раҳм накард. Футболбозони ҷавони дастаи Душанбе-Муҳаммадҷон Раҳимов (дақ 2, 55), Шериддин Бобоев (дақ 23) ва Шаҳром Самиев (дақ 25) ғалабаи дастаро дар рақобати сафарӣ таъмин карданд. Ин вохӯрӣ 4:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд. "Истиқлол" акнун имтиёзи 48-уми худро ба даст овард. 

Чемпионати Таҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум.

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 2:4
Голҳо: Муҳаммаҷон Рахимов, 2 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (0:2). Шаҳром Самиев, 25 (0:3). Амир Мемарӣ, 49. (1:3). Муҳаммаҷон Раҳимов, 55 (1:4). Амир Мемарӣ, 63. (2:4).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Годсон Куайе, Сулаймон Собиров, Шавқат Худойназаров, Далер Раҷабов, Махмараҷаб Ҷобиров, Хуршед Абдуллоев, Ҷурабек Юсупов, Раҷабалӣ Холмуродов Аҳлиддин Ёров, 87), Маҳмуд Ғаюров, Ҳасан Холов (Амир Мемарӣ, 46), Хайриддин Тӯрахонов.

«Истиклол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев, Искандар Ҷалилов (Шаҳзод Давлатов, 46), Ҷамшед Раҳмонов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммаҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев (Муҳаммад Ҳакимзода, 79), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 46), Шаҳром Сулаймонов.

Огоҳӣ: Хайриддин Турмахонов, Махмараҷаб Ҷобиров, Ҷурабек Юсупов («Панҷшер»), Мухаммаҷон Раҳимов («Истиклол»).

Беҳтарин бозингар: Мухаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Довар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

20 октябр. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив