«Бавария» дар даври аввали Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳои соли 2025 «Окленд Сити»-ро шикаст дод (10:0) ва номи бошгоҳи худро дар таърих навишт.
Чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо 2025. Гурӯҳи С. Даври якум
15 июни соли 2025, якшанбе. 21:00 ДШБ
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 10:0 “Окленд Сити” (Окленд, Зеландияи Нав)
1:0 Коман – 6' 2:0 Бое – 18' 3:0 Олисе – 20’ 4:0 Коман – 21’ 5:0 Мюллер – 45’ 6:0 Олисе 45+3' 7:0 Мусиала – 67' 8:0 Мусиала – 73' 9:0 Мусиала – 84' 10:0 Мюллер – 89'
Барои бошгоҳи олимонӣ ин натиҷа такрори рекорди бузургтарин ғалаба дар таърихи баромадҳои даста дар бозиҳои расмии байналмилалӣ буд. Дар мавсими 1983/1984 «Бавария» дар бозии даври аввали Ҷоми УЕФА дар майдони худ бар «Анартосис»-и Кипр бо ҳамин ҳисоб ғалаба карда буд.
Бояд гуфт, ки ин ҳамчунин бузургтарин пирӯзӣ дар таърихи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо мебошад. Қабл аз ин, рекорди бузургтарин пирӯзӣ дар таърихи ин мусобиқа ба “Ал-Ҳилол” тааллуқ дошт, ки моҳи феврали соли 2022 дар даври дувуми мусобиқот бар “Ал-Ҷазира” бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки қуръакашии нахустини ин мусобиқа соли 2000 баргузор шуда буд. Соли 2025 мусобиқа дар шакли навшуда баргузор мешавад, ки дар он 32 даста дар қисми ниҳоӣ рақобат мекунанд.